Маҷаллаи бритониёии «The Economist» дар як матлаби ахиран нашркардаи худ зери унвони «Фишор дар Тоҷикистон. Чӣ гуна хиштҳо меафтанд» навиштааст, зоҳиран, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо наздик шудани интихоботи президентии моҳи ноябр ҳарчӣ бештар аз дарки воқеият дуртар шуда, ба фишори шадидтари рақибони худ мепардозад. Тарҷумаи ин мақола дар сомонаҳои интернетии Россия ва сомонаи радиои «Озодӣ» интишор шудааст. 

«Вақте дар Интернет видеои сурудхониву рақс кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар туйи писараш зоҳир шуд, ҳукумати ӯ метавонист аз ин сирф ба хотири таблиғи ҷанбаҳои инсонии зиндагии сарвари давлат истифода кунад. Аммо ба ҷойи ин, Youtube-ро баста, ба бозпурсии аксбардорону наворбардорони тӯй пардохтанд», - менависад муаллифи мақола дар «The Economist».

Сардори давлати Тоҷикистон, ба навиштаи муаллиф, «дар 21соли рохбарии худ… аз воқеият ҳарчӣ бештар канда мешавад ва ин вазъ барои Ғарб метавонад мояи нигаронӣ аз эҳтимоли нооромии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бошад».

«The Economist» менависад, ки дар Тоҷикистон ягон маротиба интихоботи озод бо ширкати нозирони мӯътамад баргузор карда нашудааст. Аммо қасдгирии имсола аз мунаққидони ҳукумат махсусан шадид буд. Моҳи апрел ашхоси номаълум намояндаи мухолифони исломӣ (муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Хайит)-ро ваҳшиёна латукӯб кардаанд ва пас аз як моҳ собиқ вазири саноат ва ҳоло тоҷири маъруф Зайд Саидовро бо ҷурми фасодкорӣ боздошт карданд. Ӯ дар пайи он аз илтифоти ҳукумат маҳрум гардид, ки азми худро дар бораи таъсиси ҳизби сиёсӣ эълон сохт.

Маҷалла аз қавли роҳбари Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев меафзояд, «қазияи Саидов – ин ҳушдоре ба синфи миёна аст, ки аз сиёсат парҳез кунанд».

Дар мақолаи маҷаллаи бритониёӣ гуфта мешавад, «Эмомалӣ Раҳмон дӯст медорад, ки бо ишора ба мухолифати Ҳизби наҳзати исломӣ ва чанд нашрияе, ки ҷанбаи танқидӣ доранд, пойбандии худро ба гуногунандешӣ собит намояд. Аммо ин ҳизби исломӣ баъди дуздида шудани овозҳояш дар интихоботҳо ва амалҳои хушунатомез нисбат ба роҳбаронаш заиф гаштааст. Дар моҳи апрел, вақте ҳизб мехост анҷумани байнулмилалие барпо кунад, дар фурудгоҳ додани раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ қатъ карданд. Дар ҳамин ҳол телевизиони давлатӣ дар ҳама маросиму чорабиниҳое, ки кӯдакон байрақчаҳо дар даст ба шарафи ӯ шеър мехонанд, итоаткорона Раҳмонро дунбол мекунад». 

Аммо ба гуфтаи муаллиф, як хизмати Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст – «ӯ ба ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон дар солҳои 1990-ум ба марги аз 50 000 то 100 000 нафар сабаб гашта буд, поён дод. Имрӯз тоҷикҳо дар Тоҷикистон назар ба ҳамзабонҳои худ дар Афғонистон зиндагии беҳтаре доранд. Аммо танҳо эътибори сулҳофарии президент наметавонад кифоя бошад. Насли баъдиҷангӣ кори муносиб пайдо карда наметавонад. Иқтисод дар дасти хонаводаи президент буда, пайвандони ӯ тиҷоратҳои муваффақро ғасб мекунанд. Ва тавре як дипломатии ғарбӣ иброз дошт, дар Тоҷикистон як низоми феодалие мавҷуд аст, ки элитаҳояш то замоне ки метавонанд, ҷайбҳои худро пур мекунанд».

«The Economist» менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зуд-зуд ва бо ҳарос ба ҷониби Русия менигарад, ба кишваре, ки бо он начанадон равобити хубе дорад. Ба андешаи муаллиф, сардори давлати Тоҷикистон бо назардошти намунаҳои таърихӣ аз дахолатҳои Русия ба вазъи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ метарсад, ки Москва дар интихоботи президентӣ аз ягон номзади мухолифи ӯ, мисли Зайд Саидов ҷонибдорӣ мекунад.   

Кремл аз он норозӣ аст, ки Душанбе дар тамдиди замони будубоши бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи кишвар маътал мекунад. Чанде аз мунаққидони Эмомалӣ Раҳмон дар Русия зиндагӣ мекунанд ва аз тариқи телевизиони моҳвораӣ ва Интернет алайҳи ӯ баромад менамоянд.   

Тавре «The Economist» менависад, Русия барои фишор ба Раҳмон як фишанги қавии дигар дорад – дар Русия наздики 1 миллион тоҷик кор мекунад ва пуле, ки онҳо мефиристанд, ба нисфи маҷмӯи махсулоти дохилии кишвар баробар аст. Президенти Тоҷикистон хуб медонад, ки агар Русияро ба ғазаб орад, ин кишвар метавонад бо ихроҷ кардани муҳоҷирон тавассути ҳамагӣ чанд ҳавопаймо Душанберо ба чанголи беназмӣ афканад.