Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ д ар доираи сафари расмии худ ба Зеландияи Нав 8-уми июл дар шаҳри Окланд бо роҳбарияти Намояндагии тиҷоратии ин кишвар - New Zealand Trade and Enterprise NZTE ва намояндагони ширкатҳои бузурги Зеландияи Нав мулоқот анҷом дод.
Тибқи маълумоти раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ ҷониби Зеландияи Нав оид ба имкониятҳои тиҷоратӣ-иқтисодии кишвараш маълумоти муфассал пешниҳод карда, самтҳои эҳтимолии ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратии дуҷонибаро муаррифӣ сохт. Инчунин ҷиҳати барқарор кардани ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ҳавасмандӣ иброз гардид.
Ба ғайр аз ин, намояндагони Зеландияи Нав омодагии худро ҷиҳати табодули таҷриба дар истеҳсоли энергияи барқароршаванда, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва гӯштӣ таъкид сохтанд.
Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶТ роҷеъ ба имкониятҳои Тоҷикистон дар бахшҳои номбаршуда маълумоти пурра пешниҳод карда, доираҳои тиҷорию саноатии Зеландияи Навро ба ҳамкорӣ даъват кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста