Чанде қабл дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Директори Департаменти кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Тайланд Томвита Ярнсонаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мавзӯи асосии сӯҳбат омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Сарвазири Шоҳигарии Тайланд хонум Йинглак Чиннават ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иштироки Сарвазири Тайланд дар кори «Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рӯзномаи Конфронси мазкур, густариш додани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, фаъол гардонидани робитаҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масоили марбат ба кушодани хатсайри ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста