Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вузарои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонҳой, бо сафарӣ корӣ озими шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон шуд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ 13-уми июл баргузор мегардад.
Тибқи иттилои торнамои вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ҷаласа раванди омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 13-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, баррасӣ хоҳад шуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти кунунии ин Созмон ва самтҳои рушди робитаҳоро дар чаҳорчӯби СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва рӯзномаи байнулмилалӣ табодули назар мекунанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа пазируфтани қарорҳо оид ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста