Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки баъзе кишварҳо муттаҳид намудани Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон ва таъсиси давлати наве бо номи «Бадахшони Бузург»-ро тарҳрезӣ намудаанд.
«Зимни як конфронс дар Қазоқистон намояндаи Маркази зиддитеррори ИДМ иттилоъ дод, ки нақшаҳое оид ба таъсиси ду давлати нав дар минтақаи Осиёи Марказӣ – дар қаламрави Бадахшон ва водии Фарғона мавҷуданд», - иброз дошт вай.
Ба қавли Сафаров, дар қаламрави Бадахшони кишвари ҳамсоя гурӯҳҳое амал мекунанд, ки аз ҷониби баъзе нерӯҳо дастгирӣ меёбанд ва ин гувоҳи он аст, ки бозиҳои геополитикӣ ҷараён доранд.
Сафаров мушаххас нагуфт, ки ин гурӯҳҳо тобеъи кадом нерӯҳо мебошанд ва танҳо ишора намуд, ки «аз ин ҳамагон ба хубӣ огоҳанд».
«Мо гуфта наметавонем, ки ин нақшаҳо айни замон ба амнияти Тоҷикистон таҳдиди бузурге доранд, зеро мо ба ҳимояи қисмати Бадахшони кишвари худ имкон дорем. Ғайр аз ин, ба мо шарикони стратегиамон – Русияву Чин кӯмак хоҳанд кард. Аммо баъзе кишварҳо чунин нақшаҳоро тарҳрезӣ мекунанд ва мо бояд ҳушёр бошем, то ки оромиву суботро дар ин минтақа нигоҳ дорем», - чунин мешуморад муовини директори МТС.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Русияву Чин аз нақшаҳои таъсиси давлатҳои нав дар минтақаи Осмиёи Марказӣ нигаронанд, зеро ба хубӣ медонанд, ки чунин иқдомот, қабл аз ҳама ба муқобили онҳо равона шудааст. «Намояндагони Русия аллакай изҳор намуданд, ки ба амалисозии чунин нақшаҳо дар минтақаи мо роҳ нахоҳанд дод», - афзуд Сафаров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста