Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии ин кишвар – солгарди ба даст овардани Бастилия барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ зикр мегардад, ки Тоҷикистон Франсияро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамояд.
«Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд», - омадааст дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон.
Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Франсия сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми Франсия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста