Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба сари тахт нишастан ба Шоҳи Белгия Филипп барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки робитаҳои Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯбаи шарикии муваффақонаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар майдони равобити дуҷониба рӯ ба рушду густариш ҳастанд.
Дар барқия изҳори итминон карда мешавад, ки дар марҳалаи ҷадиди фаъолияти Шоҳ Филипп робитаҳо таҳкиму тақвияти бештар касб хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми июл Шоҳи Белгия Алберти II расман аз тахти шоҳӣ даст кашида, писари ӯ Филипп сари тахт омад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста