Дар ҷаласаи Комиссияи ҳуқуқи башари СММ аввали моҳи июл оид ба баррасии гузориши Тоҷикистон ҳеҷ гуна талабот ё дархости ҳисобот дар бораи рӯйдодҳои соли гузашта Хоруғ садо надод. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳайати Тоҷикистон дархост намудаанд, ки дар бораи қурбониён миёни аҳолии осоишта маълумот диҳанд, зеро маълумоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва чанде аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳамдигар тафовут доранд.
«Баъзе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Комиссияи СММ иттилоъ додаанд, ки дар рӯйдодҳои Хоруғ беш аз 100 тан аз аҳолии осоишта қурбон шудаанд, вале мо маълумоти муътамадеро дар даст дорем, ки тибқи он, дар ҷараёни амалиёти махсус ҷиҳати халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ду тан аз аҳолии осоишта ҳалок шудаанд, ки яке аз тири дайду ва дигарӣ аз бемории сактаи дил фавтидааст», - изҳор кард вазир.
Бо такя ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон Р.Менглиев ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар ҷараёни амалиёти зикршуда 21 нафар аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта ва ҳамчунин 18 нафар сарбозону афсарони нерӯҳои ҳукуматӣ низ ба ҳалокат расиданд.
Дар идома вазир таъкид намуд, ки тафтиши рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ то ҳол идома дорад ва баъди комилан анҷом ёфтани он, метавон мушаххасан ба хулосае расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста