Шоми рӯзи 25-уми июл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ҳисобот доданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти сершуморе, ки бо маблағгузории мутамаркази ҷумуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷараён дорад ва ҳамчунин ба ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистон зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки барои хуб омода кардани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш ва ба зимистони пешомад аз имкону захираҳои мавҷуда хуб истифода баранд.
Мавзӯъи асосии ҳисоботи раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ки мардумаш бештар ба картошкапарварӣ машғуланд, таваҷҷуҳи зиёд маҳз ба ҳамин бахши соҳаи кишоварзӣ зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ин ноҳияҳо дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016, аз ҷумла дар роҳи ба 1 миллион тонна расондани ҷамъоварии солонаи картошка дар ҷумҳурӣ бояд нақши асосӣ дошта бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва дар моҳи шарифи рамазон дасти кумак дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пиронсолони бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат вазифаҳои мушаххас гузошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста