Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон эълони санаи баргузории интихоботи президентиро интизор аст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР-и ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев дар ин робита изҳор кард, ки мутобиқи қонунгузорӣ санаи баргузории интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон на дертар аз ду моҳ то анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда, ки санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ ба итмом мерасад, эълон карда шавад.
«Санаи баргузории интихоботи пешинаи президенти Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 2006) дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон 31 августи соли 2006 эълон гардида буд», - хотиррасон кард Додоев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки рӯзи эълони санаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ суханронии раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар назар аст, ки оид ба тадбирҳои андешидаи КМИР ҷиҳати шаффофу ба таври демократӣ ва озодона баргузор шудани интихобот маълумот хоҳад дод.
«Пас аз як рӯзи эълони санаи баргузории интихобот, КМИР нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории онро пешкаши ҳамагон мекунад», - афзуд Додоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста