Муовини аввали раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи 31-уми июл вакили палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, узви фраксияи парлумонии «Нур Отан»-и ин кишвар Майра Айсинаро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Сафар Сафаров меҳмони қазоқро бо авзои сиёсию иҷтимоии кунунии ҷумҳурӣ, омодагиҳо ба маъракаи сиёсии интихоботӣ, робитаҳои байналмилалии ҲХДТ, вазъи минтақа вобаста ба хориҷ шудани неруҳои НАТО аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, истифодаи муштараки захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои таваҷҷуҳи ҳамдигар ошно сохтааст.
«Ташкилотҳои ҲХДТ дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи интихоботи президенти мамлакат, ҳамчунин ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо аҳзоби кишварҳои хориҷии дуру наздик иқдом варзида, дар ин росто мехоҳем, ки бо ҳизби ҳокими Қазоқистон «Нур Отан» низ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонем», - зикр кардааст муовини аввали раиси ҲХДТ зимни мулоқот.
Ба иттилои манбаъ, вакили палатаи поёни парлумони Қазоқистон изҳор доштааст, ки дар зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон имконият пайдо кардааст, ки ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо мардуми тоҷик аз наздик суҳбату мулоқотҳо анҷом диҳад ва дар ҳама ҷо ӯ шоҳиди он гардидааст, ки мардум аз сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон, бахусус сарвари мардумии хеш Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, бону Майра Айсина перомуни роҳандозии муносибатҳои наздики миёни аҳзоби сиёсии ҳарду мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид доштааст, ки барои тезонидани ин раванд мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста