Аслан дар ҷомеаи мутамаддин интихобот, хосатан интихоботи президентӣ, айёми натиҷагирии марҳалаи гузашта, баррасии барномаҳои нави рушд ва ба майдон омадани чеҳраҳои нав аст. Аммо дар кишвари мо чӣ?
Дуруст аст, ки ҳоло марҳалаи ниҳоии интихоботӣ фаро нарасидааст, аммо яқинан бо ин талошу нияте, ки дорем, аллакай ин фазоро барои худ таъйин кардаем ва он ҳам хеле тира, норӯшан ва дилгиркунанда аст.
Ман ҳамчун як ҷавони навҷӯ мехостам бубинам, ки дар ин марҳала давлатмардони мо ба кадом амалҳои шоиста қодир ҳастанд? Чӣ барномаҳои наве доранд? Киро бояд дастгирӣ кунем ва ояндаро ба кӣ бисупорем?
Аммо акнун моро фазое иҳота кардааст, ки олудаи туҳмат, таҳқир ва таҳдид аст. Барои тақвияти фикр чанд мисол меорам.
Масалан, «номард» ва «хоин» номидани фарзанд аз забони модар («ҷанг»-и оилавии Додоҷони Атовулло бо ҳукумати кишвар),«Иллати миллат» унвон шудани Зайд Саидов (ӯ модарзод аз як даст маҳрум аст) аз ҷониби нашрияи «Тоҷикистон» ва инак посухи «Пес» гирифтани масъулини ин нашрия (аз ҷониби Додоҷон).
Хуллас, ҳоло дар Facebook ҳар лаҳза чунин тӯҳмату таҳқиру таҳдидҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст. Барои мисол, баъд аз пахши танқидии ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова нисбат ба ҳукумат, ӯро касалии «саратон» бароварданд. Вақте ҳамкасби мо Парвина Ҳамидова дар як матлаб оид ба сабабҳои тарк кардани Ватанаш гуфт, ба ӯ таҳдид карданд, ки гӯё алайҳаш далелҳои айбдокунанда доранд. Банда ҳам, вақте дар зери мақолаи ҷолиби Абдулазизи Восеъ дар хусуси ифроти «шукронамания» шарҳе навиштам («Шукрона кунем, ки зинда ҳастем!»), дарҳол аз ҷониби ихтиёриён (добровольцы) суханҳои таҳдидидомез шунидам. Дар ҷавоб гуфтам, ки агар барои ибрози ақида мавриди таҳдид қарор бигирем, пас боз ҳам шукрона бояд кард, ки зинда ҳастем!
Зимнан дар расонаҳои расмӣ ду раванд мушоҳида мешавад: таърифи беҳудуди президенту ҳукумат ва туҳмату таҳқири мухолифин. Кош ҳар он чӣ мо дар доираҳои ғайрирасмӣ мешунавем, бо расонаҳои давлатӣ ҳамоҳангӣ намедошт, то нисбати масъулини давлат гумонҳои бадро ба вуҷуд намеовард. Аммо афсӯс, ки ин воқеияти талх хеле рӯшан ба назар мерасад.
Аслан таъриф чӣ лозим аст? Агар арзиши воқеии хидматҳои инсон маълум бошад, чӣ заруратест барои таъкидсозии он аз ҷониби дигарон?
Ҳар кадоме ба воқеият аз зовияи сатҳу сифати зиндагии худ менигарад. Дигар ягон ченак нест. Яъне ҳеҷ гоҳ таъриф, туҳмат, таҳқир ва ё таҳдид наметавонанд воқеиятро арзёбӣ кунанд. Аммо танқид метавонад ченак бошад, вале афсӯс, сад афсӯс, ки он кайҳо барои мо моҳияти аслии худро гум кардааст. Имрӯз танқидро ҳукумат қабул надорад ё инкор мекунад ва ё хусумат мепиндорад. Баъзе аз намояндагони мухолифин бо назардошти ин бетаъсир будани танқидро собит кардаанд:
1) Бардошти нодурусти танқид аз ҷониби ҳукумат;
2) дар баробари ситоиши беҳудуди ҳукумат ҳатто истифода аз танқиди ҷониби мухолиф наметавонад онҳоро ба мақсадҳояшон бирасонад ва барои ҳамин баъзан ба туҳмат, таҳқиру таҳдид рӯ меоваранд;
3) роҳ додани саҳлангорӣ дар таҳлил ва баррасии воқеият, ки дар натиҷа на ҳамеша метавонад далели кофӣ барои танқид бошад.
Нуктаи 3-юм хеле муҳим аст. Бовар кунед, агар воқеияти имрӯзаро бо тамоми ҳастияш ба риштаи таҳлилу танқид кашем, ҳеҷ зарурате ба туҳмат ва таҳқиру таҳдид намемонад. Ин нуктаро метавон ҳам ба мухолифин тавсия дод ва ҳам ба ҳукумат. Яъне ҳар кадом заъфи худро доранд ва танқиди нишонрас ва ҷиддӣ басанда аст, киҷониби муқобилро дар ҷойи худ шинонанд. Вале афсӯс, ки мо дар ҷомеаи камҳунарон ё аниқтараш беҳунарон, заъифон ва танбалон зиндагӣ дорем.
Дар ин хусус ишораи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки дар як сӯҳбаташ иброз доштааст, хеле бамаврид аст. Ӯ ташвиш дорад, ки вақте марзи номус ва арзишҳои инсониро мо убур мекунем, оқибати нохуше моро интизор аст. Воқеан, каромати инсонӣ дар эҳтироми якдигарист, вагарна мо аз тӯдаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳеҷ тафовут надорем. Пайванд ё бофтаи аслии ҷомеаро арзишҳои олии инсонӣ ташкил медиҳанд, агар мо инсонситезӣ, беэҳтиромӣ ва бешарафиро ҳокими муносибатҳои худ гардонем, пас мафҳуми ҷомеа худ аз худ аз байн меравад. Магар ин нигаронкунанда нест? Ин даҳшат бояд пеш аз ҳама хоби ҳукуматдоронро нороҳат созад, зеро масъулияти аслии таъмини амнияту осиштагӣ ва устувории ҷомеаро маҳз онҳо бар дӯш доранд. Дар ҳолати ба ҷо наовардани ин рисолат, пеш аз ҳама худи онҳо зери хатар қарор хоҳанд гирифт.
Дар баробари таъриф, туҳмат, таҳқир ва таҳдид аксарият бетарафиро ихтиёр кардаанд, ки ин амр низ идомаи ҳамин амалҳои ношоиста аст. Ҳар кас, ки мавриди таҳқир, туҳмату таҳдид қарор бигирад, муҳим нест он Раҳмон аст ё Кабирӣ, Зайд аст ё Додоҷон, шахсан ман худро дар ҷойи он тасаввур мекунаму нороҳат мешавам. Зеро ҳама инсонанд. Эҳтироми инсонӣ барои ҳар шахси солимфикр бояд масъулияти ҳатмӣ бошад.
Оё дар фазои имрӯзаи кишвар, кадоме аз мо аз ин эҳтиром ба таври комил бархурдорем? Аниқтараш касе ҳаст, ки аз туҳмату таҳқиру таҳдид эмин бошад? Агар масъулияти асосии давлат таъмини ҳаёти осишта ва боамни шаҳрвандон аст, пас магар мо имрӯз аз чунин ғамхорӣ бархурдорем??? Чун мо лофи амнияту осиштагӣ мезанем. Вақте сухан сари беамниятӣ ва ноосоиштагӣ меравад, он ҳатман мазмуни кушта шудани нафареро надорад. Басанда аст, ки як инсони бошараф зери туҳмат, таҳқир ва ё таҳдид қарор бигирад ва ин ҳолат бадтар аз марг аст. Зеро азоби рӯҳӣ аз азияти ҷисмонӣ камӣ надорад.
Суоли муҳимтар ин аст, ки афроди туҳматгару таҳдидгар муродашон ҳосил шудааст? Ман пешниҳоде дорам. Биёед, пурсише мегузаронем, ки мавзӯи он чунин бошад: оё ба он туҳмату таҳқирҳое, ки тайи моҳҳои ахир нисбати шахсиятҳои гуногуни кишвар садо додаанд, мардум бовар кардаанд? Чун миёни аҳолӣ ҳастам, бо боварии қатъӣ метавонам гуфт, ки бо сабаби каммутолиа ё ноогаҳ будани қисми зиёди мардум, аксарият нисбати чунин амалҳо бетафовутанд. Аммо ақалияти огаҳ ба хубӣ росту дурӯғро аз ҳамдигар фарқ карда метавонанд ва ҳатто ба чунин амалҳо нафрат ҳам доранд.
Суоле ба миён меояд, ки ин ҳама кӯшишу талошҳои душмансозиву беобрузосӣ барои кист? Худи нафароне, ки дидаву дониста ба чунин амалҳо даст мезананд, маълум, ки ба асли пиндорашон бовар надоранд. Гуфтем, ки мардум ҳам гӯл нестанд, то ба дурӯғҳо дода шаванд. Пас, ҳосили ин ҳама туҳмату таҳқир ба ҷуз бедорсозии нафрати ом чист?
Хуллас, агар марҳалаи пешазинтихоботӣ ва интихобот мазмуни таҳқир, тӯҳмат ва ё таҳдиди шахсиятҳои ин миллатро дошта бошад, пас, аз чунин интихоботҳо Худо моро нигаҳ дорад…




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста