Пас аз анҷоми таътил моҳи октябр ё аввали ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо аксари кулли овозҳо Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро, ки моҳи октябри соли гузашта ба имзо расида буд, тасдиқ хоҳанд кард. Чунин ибрози андеша намуд имрӯз ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.
Ба гуфтаи вакил, ҳадди ниҳоӣ се нафар вакилони палатаи поёнии парлумон метавонанд мухолифи тасдиқи он раъй диҳанд.
«Зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар Маскав аввали ҳамин моҳ тамоми масоили марбут ба тасдиқи созишнома ҳаллу фасл шуда, сарони кишварҳо бори дигар исбот намуданд, ки барои ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои шарикони стратегӣ ҳамеша ба муколамаи созанда омодаанд. Раҳмон ва Путин ба баҳсҳои атрофи пойгоҳ ва бадхоҳони ҳарду кишвар, ки тибқи усули «тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» амал мекунанд, хотима бахшиданд», - зикр кард вакил.
Дар идомаи суҳбат ӯ таъкид дошт, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳифзи иншооти стратегӣ ва ҳимояи марзи Тоҷикистону Афғонистон саҳм гузошта буд.
«Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия натанҳо аз манфиатҳои Русия ё Тоҷикистон ҳимоя мекунад, балки баҳри таъмини сулҳу субот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ саҳми арзанда дошта метавонад», - таъкид намуд Талбаков.
Ба андешаи ӯ, тавофуқоти ҳосилшуда миёни Путину Раҳмон дар масъалаҳои воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ ва имтиёзот ба муҳоҷирони кории тоҷик, барои рушди Тоҷикистон миллионҳо доллари иловагӣ фоида меоваранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста