Тибқи рейтинги ҳафтаи гузаштаи шабакаи телевизионии «Дождь», пас аз ваъдаи тасдиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави кишвараш тирамоҳи соли равон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафи 10-гонаи нюсмейкерҳо (афроди бештар дар сархати расонаҳо мавриди зикр қарорёфта)-и васоити ахбори умуми Русия шомил гардидааст.
«Дар рейтинги хабари «Ново-Огарёво, пойгоҳи 201-ум то соли 2042 дар Тоҷикистон мемонад. Дар навбати худ, Маскав афзоиши таъминот бо силоҳ ба Душанберо ваъда кард» ҷойгоҳи президенти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, зинаи 9-умро касб кард», - менависад шабакаи телевизионӣ.
Се ҷойи аввалро дар ин рейтинг Путин, Сноуден ва Медведев ишғол намудаанд. Дар зинаи чорум президенти ИМА Барак Обама қарор дорад, ки аз шарҳи қазияи ба корманди гурезаи мақомоти амнияти давлаташ Сноуден паноҳгоҳи муваққатӣ додани Русия худдорӣ варзида, ҷиҳати ба арзише қоил будани тирамоҳи соли равон ба вохӯрӣ бо Путин ба Русия омаданаш ба андеша рафтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста