Чанде қабл зимни суханронӣ дар Шабакаи аввали давлатии телевизиони Тоҷикистон роҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов изҳор кард, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик барои таъсиси ҳизби дорои моҳияи динӣ зарурат вуҷуд надорад.
«Ман бо тамоми масъулият изҳор мекунам, ки баъзе сокинони ВМКБ-ро бидуни хоҳиши онҳо ба ҲНИТ аъзо карданд. Умуман маълумот дар бораи аъзои ҳизби мазкур дар минтақаи мо ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқат рост намеомад, алҳол дар ҳудуди ВМКБ на бештар аз 38 нафар аъзои боқимондаи ҲНИТ вуҷуд дорад. Боқимонда, ки ба наздикӣ ахбор дода будем, 2700 - дурӯғ, 3000 – дурӯғ аст, ман инро тасдиқ карда метавонам, ин ҳама дурӯғ аст», - зикр кард Булбулов.
Дар идомаи суханронии худ ӯ аз узви ҲНИТ шудан изҳори таассуф намуд.
Дар ҳамин ҳол, аз ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки изҳороти Булбулов тавассути телевизион таҳти фишори мақомоти амнияти миллии ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.
«Чанде қабл Булбулов ба наздиконаш хабар додааст, ки ӯро тақдири собиқ роҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев интизор аст, ки ба иттиҳоми иштирок дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва муқовимат бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум шуд», - зикр карданд дар ҲНИТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста