Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров муддати тамоми рӯзи гузашта дар Прокуратураи генералӣ қарор дошт, то ки ба саволҳои таҳияшуда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ посух бигӯяд.
Р.Зойиров дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ӯ бо сардори Раёсати назорат аз болои мақомоти амнияти давлатии Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан муҳим ва муовини ӯ суҳбат доштааст.
Ба қавли ӯ, аслан онҳо ба се мавзӯъ – гунаҳкории КДАМ ба як қадар ғаразнокӣ ва ноуҳдабароии касбӣ аз ҷониби ман, изҳороти ман нисбати роҳбари ҷамоати ӯзбекон Шамсиддинов ва рӯйдодҳои Хоруғ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
«Лозим омад, ки ҳамаро дубора муътақид созам. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ман онҳоро комилан дар ҳақ буданам мутмаин сохтам. Ба ман гуфтанд, ки агар саволҳои дигар пайдо шаванд, метавонанд боз даъватам кунанд», - иброз дошт Зойиров.
Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дархост намуд, ки ба як қатор саволҳо оид ба изҳороташ дар робита ба солгарди рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ посух гӯяд.
Дар арафаи солгарди рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ Раҳматилло Зойиров ба унвони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳороте пахш карда, аз сарвари давлат даъват намуд, ки рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ аксияи террори давлатӣ эътироф гардида, гунаҳкорон муҷозот ва санаи 24-уми июл Рӯзи ёдбуди ҳамаи ҷабрдидагон аз таъқиб ва амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ эълон карда шавад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Раҳматилло Зойиров алҳол ягона шахсест, ки ба пешбарии номзадиаш ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста