Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони шаҳрвандон оромиву осоиш, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу намуд.
«Ҳар яки мо, ки худро пайрави ҳамин дини поку мубин меҳисобем, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ободиву оромӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ орзу кунем. Ва аз даргоҳи Худованд талаб намоем, ки то рамазони дигару иди оянда мардуми шарифи моро дар паноҳи хеш нигоҳ дорад», - мегӯяд раисҷумҳур.
Э.Раҳмон қайд мекунад, ки дар шароити озоди давлати демократӣ сокинони кишвар имкон доранд, ки паҳлуҳои нодиру созандаи ин рӯзи саидро, ба хусус доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватан рангу таровати тоза бахшанд.
Ӯ ҳамчунон шаҳрвандонро ба шукргузорӣ аз неъмат ва қадршиносӣ аз дастовардҳо даъват кардааст.
«Бузургтарин неъматҳои мардум ва давлати мо, ки албатта сазовори ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллист, зеро маҳз ба туфайли онҳо халқи Тоҷикистон озодии эътиқод ва баргузории озодонаи иду маросимҳои мардумӣ ва динӣ, инчунин имконияти заҳмати созандаро ба хотири ободии Ватан ба даст овард», - мегӯяд президент.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар ин рӯзи муборак низ мардум сарфаю сариштакор бошанд, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста