Зимни нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки расо пас аз як моҳ, 13-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, дидору гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Чин барпо шуда, дар он сарони кишварҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва мудофиаро баррасӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамчунин атрофи рӯйдодҳои ҷаҳон ва минтақа ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин дар Пекин, ки даҳаи дуюми моҳи майи соли равон доир гардид, ҷонибҳо аз рушди устувори ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда буданд. Таъкид гардида буд, ки ҳанӯз соли 2011 ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашта буд. Тавре зикр гардид, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуда, ҳиссаи он дар сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баробар ба 40% аст.
Ҳамчунин ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷаҳонгардӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста