Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор медорад, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба номи ӯ як саҳифаи қалбакиро боз намудаанд.
Зарифӣ дар саҳифаи худ зикр кардааст, ки молики ин саҳифаи қалбакӣ тамоми маълумотро аз саҳифааш нусхабардорӣ намуда, дар бахши рӯйдодҳо ҷой кардааст. «Айни замон аз саҳифаи қалбакӣ ба дархостҳои «пазируфтан ба дӯстӣ» кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ба маълумоти тамоми корбарони шабака мерасонам, ки саҳифаи тозабозшудаи Ҳамрохон Зарифӣ қалбакӣ аст», - мегӯяд Ҳ.Зарифӣ.
Қобили зикр аст, ки таъсиси саҳифаҳои қалбакӣ ба номи сиёсатмадорону шахсиятҳои маъруф дар Тоҷикистон роиҷ аст. Ба гунаи мисол, имрӯз дар шабакаи Facebook «саҳифаҳои» сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳамчунин боз як зумра ходимони дин, аз ҷумла раиси Шӯрои уламои ҷумҳуриро метавон дарёфт намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста