Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карда мешавад, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.
«Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо таъкид ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо Покистони дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъйу кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон иброз намоям», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки президенти амалкунандаи Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ то 9-уми сентябри соли равон дар ин мансаб ифои вазифа хоҳад кард. Дар маъракаи интихоботи президенти Покистон, ки 31-уми июл баргузор шуд, Мамнун Ҳусейн пирӯз шуда, рӯзи 9-уми сентябр, замони ба итмом расидани ваколатҳои президенти амалкунанда, савганд ёд хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста