Ахири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон дар дафтари кории созмони мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон тибқи барномаи "Маърифати шаҳрвандии ҷавонон" ва "Барномаи демократикунонии САҲА дар Тоҷикистон" мулоқоти ҷиноҳи ҷавонони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ҳизби залқии демократии Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур намонядагони ҷавон аз ҲХДТ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъол аз навоҳии Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, мулоқоти мазкур ҷиҳати фаъол гардонидани ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ, завқи ҷавонон ба аҳзоби сиёсӣ, раванди иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, демократия ва принсипҳои он ва дигар масоил нигаронида шуд. Дар рафти мулоқот ҷавонони минтақаи Хатлон аз намояндагони ҷавони аҳзоби сиёсӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста