Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об президенти Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод намуд, ки роҳу воситаҳои таҳияи назари глобалӣ оид ба соҳаи об дар давраи пас аз соли 2015 баррасӣ шаванд.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз метавон гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ҷузъи мантиқӣ ва зарурии раванди татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола гашта, барои пиёда сохтани онҳо мусоидат қардааст.

«Бинобар ин, бо истифода аз фурсат баррасии имкони эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалиро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об пешниҳод менамоям. Мо чунин мешуморем, ки даҳсолаи нав бояд ба саъю талошҳо дар ҳамаи сатҳҳо такони нав дода, дар давраи баъди соли 2015 ба рушду тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об хизмат намояд.», - гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки гузашта аз ин, бояд ба инобат гирем, ки то соли 2015 Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия ва қабул карда мешаванд ва изҳори умедворӣ намуд, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокдорони конфронси имрӯза пуштибонӣ меёбад.

«Алҳол раванди байниҳукуматӣ оид ба таҳияи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки комёбии асосии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор (РИО+20) маҳсуб мешавад, идома дорад, - зикр кард президент. - Боиси қаноатмандист, ки дар санади ҷамъбастии РИО+20 нақши калидии захираҳои об дар эҷоди рушди устувор эътироф гардида, масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об дар ҳамоишу нишастҳои гуногун мавриди баррасии фаъолона қарор доранд».

Ба гуфтаи Э.Раҳмон зимни таҳияи Ҳадафҳои Рушди Устуовр бадар назар доштани унсурҳои мазкур зарур аст:

- таъмини дастрасии комил ба оби безарари ошомиданӣ ва санитария;

- ҷорӣ намудани идораи воҳиду муттаҳидаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ;

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва истифодаи дуюмбораи он;

- маблағгузории кофӣ ва сармоягузории иншооти хоҷагии об ва инфрасохтор, ироа ва татбиқи технологияҳои навтарин;

- бунёди василаҳои мутақобилан қобили қабул оид ба ҷамъоварӣ ва табодули иттилооту маълумот.

«Умед дорам, ки дар ҷараёни мубоҳисаҳои кунунӣ иштирокдорони конфронс оид ба ин масъала тавсияҳои мушаххасеро пешниҳод хоҳанд кард», - баён дошт президент.

Ҳамчунин сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар кори Конфронси мазкур намояндагони 70 кишвари узви СММ ва 20 созмони байнулмилалӣ иштирок доранд. Сохтори СММ-ро 7 муовини Дабири кулли СММ бо шумули роҳбарони Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра намояндагӣ мекунанд.

Дар кори конфронс ҳамчунин роҳбарони ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу минтақавие чун ИДМ, САҲА, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ (СКИ), Хартияи энергетикӣ, Шӯрои ҷаҳонии об ва ғайра низ ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни конфронс дар маҷмӯъ беш аз 900 нафарро ташкил медиҳад.