Тайи солҳои ахир истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ даҳҳо маротиба афзуда, зиёдшавии майдони заминҳои обёришаванда ва афзоиши аҳолии минтақа гувоҳи он аст.
Дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки чанд даҳсола пеш шумори аҳолии минтақа 40 млн. ва имрӯз 63 млн. нафар ва майдони заминҳои обёришаванда мутаносибан каме бештар аз 2,5 млн. ва имрӯз беш аз 9 млн. гектарро ташкил медиҳанд ва ин маънои онро дорад, ки истифодаи об даҳҳо маротиба афзудааст.
Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон касеро гунаҳкор накарда, аз мушкилоти кишварҳои минтақа огоҳ аст ва зикр кард, ки барои дарёфти посух ба масъалаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаи об гирди як мизи гуфтушунид ба ҳам омадани намояндагони тамоми кишварҳои минтақа зарур аст.
«Ба ҳама об лозим аст, вале дархости ягонаи мо ин аст, ки оби аз Тоҷикистон маҷрогирифта оқилона истифода гардад. Вақте мо дар ин бора ҳарф мезанем, мо касеро танқид надорем, мо худамонро ҳам дар назар дорем. Ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ оид ба об баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ равона шудааст», - гуфт Аслов.
Ӯ муътақид аст, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба истифодаи захираҳои обӣ иродаи сиёсӣ зоҳир кардан зарур аст.
«Дар низоми обёрӣ мушкилотии зиёде мавҷуд буда, мебояд корҳои барқароркуниро анҷом дод. Чӣ гуна, ки мо мушкилоти кишварҳои поёнобро дарк мекунем, онҳо низ бояд чунин рафтор дошта бошанд. Замоне, ки рӯзҳои сарди зимистон тоҷикистониён аз барқ маҳрум мешаванд, кишварҳои поёноб ин азияту мушкилотро бояд дарк кунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки кишвар аз имконоти бузурги гидроэнергетикӣ бархӯрдор буда, вале ба ин гуна душвориҳо дучор аст», - таъкид дошт Аслов.
Ӯ зикр кард, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ бояд кори муштараки кишварҳои минтақа бошад ва Тоҷикистон борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъсиси консорсиуми байнулмилалӣ ҷиҳати сохтмони ин гуна иншоот муроҷиат кардааст.
«Мо бояд захираҳои обиамонро эмин нигоҳ дорем, зеро баъди 10 сол шумори аҳолии минтақа то 70 млн. нафар расида, ҳаҷми истифодаи об низ даҳҳо маротиба меафзояд. Вақте мо ҳозир якдигарро нафаҳмида, захираҳои обиамонро эмин нигоҳ намедорем, пас он замон чӣ кор хоҳем кард? Баҳри Арал хушк шуд ва моро Аралҳои дигаре дар минтақа интизор аст. Аз ин ҳамаи коршиносони минтақаи Осиёи Марказӣ огаҳӣ доранд», - иброз дошт ӯ.
Аслов ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон обро аз меъёри ҷудошуда зиёд истифода накарда, имрӯз ҳам ба ин амал даст заданӣ нест ва аз кишварҳои дигар даъват кард, ки ин меъёрҳоро риоя намоянд, зеро ҳамасола дар минтақа 15 километри мукааб об талаф меёбад ва сабаби ин талафотро ёфта, тадбир андешидан зарур аст.
Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар Душанбе кори Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷараён дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста