Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигариии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ал-Усмонро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки ду кишвар дар шаҳри Душанбе ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ ба таври назаррас мусоидат менамояд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳоло дар Тоҷикистон аз тариқи Бунёди саудии рушд дар маблағгузории 7 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ чанд рӯз қабл ба имзо расид.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи сиёсию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳамкории бештар, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои судбахш дар бахшҳои гуногун даъват намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста