Нимаи аввали моҳи сентябр Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он номзади ин ҳизб дар интихоботи президенти кишвар эълон мешавад.
Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар манотиқи ҷумҳурӣ ҷараёни интихоби вакилони анҷуман идома дошта, коммунистони вилоятҳои Суғду Хатлон вакилони худро интихоб намудаанд ва акнун рӯйхати вакилон аз ВМКБ ва навоҳии тобеи марказро интизоранд.
Дар идома ӯ таъкид дошт, ки дар интихоботи президентӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсии дигар ба эътилоф ворид намешавад. «Ҳизб ҳамчунин номзади ягона аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба мансаби президентиро низ дастгирӣ карданӣ нест», - иброз дошт Шабдолов.
Ба гуфтаи раиси ҲКТ, дар робита ба ғояҳои усулии барномаи ҲКТ чунин тасмим рӯйи кор омадааст.
«Тибқи андешаҳои идеологӣ коммунистон ба ҳеҷ гунае на бо ҲНИТ, на бо сотсиал-демократҳо ва на бо дигар аҳзоби сиёсӣ дар эътилоф буда наметавонанд. Мо ҳатто бо ҳизби ҳокими ҲХДТ ҳамроҳ номзади ягона пешбарӣ карда наметавонем, зеро хусусигардонии иншооти давлатиро эътироф намекунем, ҲХДТ бошад, чунин сиёсатро дастгирӣ мекунад», - афзуд Шодӣ Шабдолов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста