Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон иштирок мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амир Қарақулов хабар дод.
«Дар интихоботи президентӣ мо номзади худро пешбарӣ мекунем ва бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нестем», - зикр кард раиси ҲАТ.
Ба қавли ӯ, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар анҷумани ҳизб, ки санаи 17-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, эълон хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор нафар аъзо дошта, раҳбари ҳизб умедвор аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳизби ӯро дастгирӣ хоҳанд кард, зеро 80%-и аҳолии ҷумҳурӣ мустақиман ё ба ҳар гунаи дигаре ба бахши аграрии иқтисод муносибат доранд.
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд. Узви ҳизб, раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифов ба номзадии аъзои палатаи болоии парлумон (интихобот рӯзи 14-уми сентябр) пешбарӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста