Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) шаш номзад барои пешбарӣ ба мансаби президенти кишварро мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲИИТ, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоев хабар дод.
«Номзади ягона аз шумори шаш нафар фаъолони зикршудаи ҲИИТ дар анҷумани ҳизб, ки санаи 20-уми сентябр дар Душанбе доир мегардад, эълон хоҳад шуд», - гуфт Бобоев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президентӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. «Айни замон дар сафҳои ҳизби мо ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид шудаанд», - афзуд раиси ҳизб.
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста