Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон воӯрии раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён бо раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир гардида, дар ҷараёни он масоили марбут ба баргузории интихоботи президенти ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, дар мулоқот роҳбарони ҳамаи ҳашт аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. «Ҳизби сотсиал-демократро муовини раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов намояндагӣ карда ба гуфтаи ӯ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар сафари хидматӣ аст», - гуфт ӯ.
Дар идома Додоев изҳор намуд, ки дар вохӯрӣ раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирии номзад, ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ шомил гардидани намояндагони ҳизбҳо посух гирифтанд.
«Раиси КМИР ба ҳозирин шарҳ дод, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирони корӣ ба дастгирии ин ё он номзад ғайриимкон аст, зеро тибқи меъёрҳои қонун, варақаҳо барои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расонанд. Бо ин сабаб номзадҳо ба мансаби президентӣ дар қаламрави берун аз кишвар имзо ҷамъоварӣ карда наметавонанд», - зикр кард Додоев.
Номбурда ҳамчунин гуфт, бо дархости раҳбарони аҳзоби сиёсӣ имрӯз КМИР ба унвони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар нома ирсол хоҳад кард, ки дар он дахолати онҳо ба кори комиссияҳои интихоботӣ манъ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста