Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ кариб 500 ҳолати ҷинояткории аз ҷониби мактаббачаҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст.
Сарвари давлат ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундрав ва ифротгаро як қисми ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин паёмади хуб надорад».
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки яке аз мақсадҳои қабули қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баланд бардоштани нақши падару модарон дар тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии фарзандони худ аст.
«Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишандӯзии хонандагони мактабҳои миёна торафт зиёд гардида истодааст ва талоши волидайн ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад», - зикр кард сарвари давлат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста