Имрӯз дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби зебою муосири таҳсилоти ҳамагонӣ, ки барои 1700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки ин муассисаи замонавӣ бо харҷи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Мактаб аз 42 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла 10 синфхонаи фаннӣ, ки барои дарсҳои кор бо компютер, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва ғайра пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад.
Толори маҷлисии мактаб, ки дорои 225 ҷойи нишаст мебошад, ҳамчунин дорои имконоти баргузории маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ аст. Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби омодасозӣ ва пешниҳоди хӯрокҳои гунонун барои хонандагону омӯзгорон аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбияи мактаб бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва ободонии атрофи он дастуру ҳидоятҳо дод.
Бо изҳори норозигӣ аз тарҳ ва сифати сохтмону таҷҳизи толори варзишии мактаб дастур дода шуд, ки бо тарҳи наву зебо як толори дигар барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ сохта шавад.
Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби таълиму тарбия дар мактабҳои наву муосир таълиму тарбияи фарзандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то ки аз онҳо насли солиму ояндасози кишвар бар камол расад.
Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба солгарди сеҳазораи Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил мегардад, аз ҷумла доир ба бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва фарҳангӣ дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста