Дар мулоқоти чанде қабли муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров бо Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллер масъалаҳои авзои кунунии сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, паёмади хурӯҷи неруҳои НАТО аз давлати ҳамсояи Афғонистон, омодагии ҲХДТ ба интихоботи қарибулвуқӯи президенти мамлакат, ҳамкориҳои миёни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, омилҳои таҳким бахшидани сулҳу суботу ваҳдати миллӣ ва ширкати фарогири нозирону мушоҳидони дохилию байналмилалӣ дар маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Сафар Сафаров аз ҷумла иброз дошт, ки ҲХДТ барои баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ дар ин росто комилан омода аст. «Ҳамзамон дар ин маврид омодагии хешро ба ҳамкории созмонҳои байналхалқӣ иброз дошта, бовар дорем, ки нозирон ба интихоботи мо баҳои воқеӣ ва мунсифона медиҳанд», - гуфт Сафаров.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллер зикр намуд, ки тасмим гирифтааст, дар арафаи интихобот бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамаи аҳзоби сиёсӣ чунин вохӯриҳоро доир намояд. Ӯ ба таҳияи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ва иқдомҳои дигари ҳизб дар давраи омодагӣ ба маъракаи сиёсии дар пешистода таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки аз нуфузи бештари ҲХДТ дар ҷомеаи тоҷик огаҳӣ дорад ва тибқи имкониятҳо ба ин чорабинии сиёсӣ мусоидат хоҳанд намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста