Дар вилояти Днепропетровски Украина консулгарии фахрии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина хабар доданд, мутобиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи муносибатҳои консулгарӣ, дар мувофиқа бо маъмурияти ҳукумати вилояти Днепропетровск дар қаламрави вилоят консулгарии фахрии Тоҷикистон боз мешавад, ки дар қаламрави ҳавзаи консулгарӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳимоят хоҳад кард.
Сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов дар ин робита изҳор намудааст, ки бо назардошти аз имконоти назарраси иқтисодӣ бархӯрдор будани вилояти Днепропетровск (ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ – 25,3 млрд. $, муомилоти моли хориҷӣ дар соли 2012 – 17,5 млрд. $), густариши ҳамкориҳои иқтисодии ин вилоят бо Тоҷикистон, роҳандозии истеҳсолоти муштарак ва амалисозии Созишномаи қаблан баимзорасида дар бораи ҳамкории минтақавӣ миёни вилояти Днепропетровски Украина ва вилояти Суғди Тоҷикистон бағоят муҳим аст.
Консули фахрии Тоҷикистон дар Днепропетровск Виктор Карачун изҳор намудааст, ки баҳри фаъолияти муваффақонаи консулгарӣ ва рушди ҳамкориҳо миёни вилояти Днепропетровск ва Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.
Виктор Карачун дар Тоҷикистон ба воя расида, пас аз хатми мактаби олӣ ба ҳайси иқтисодчӣ ва феълан ба сифати роҳбари корпоратсияи «Агротехбизнес» фаъолият дорад. Ӯ мунтазам дар кори диаспораи вилоятӣ иштирок карда, ҳамеша бо Тоҷикистон дар робита ва забони тоҷикиро балад буда, тарғибгари мусиқӣ ва фарҳанги тоҷикон аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста