Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон барои ташкили овоздиҳии муҳоҷирони кории тоҷик дар интихоботи президентӣ дар 22 шаҳри бузурги Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, дар интихоботи парлумони соли 2010 ҳамагӣ дар 8 шаҳри Русия қитъаҳои овоздиҳӣ боз шуда буданд.
«Дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ КМИР аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард, то ки ҳарчи бештар муҳоҷирони корӣ дар интихобот ширкат варзанд», - зикр кард Додоев.
Ӯ ҳамчунин ба ақидаи бархе аз роҳбарони аҳзоби сиёсӣ перомуни дар Русия кору иқомат доштани аз 1,5 то 2 млн. нафар муҳоҷирони тоҷик қотеъона изҳори норозигӣ кард ва таъкид дошт, ки тибқи маълумоти расмии ҳукумат, айни замон дар Русия аз 800 то 900 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
«Тибқи омори расмӣ ва ҳисобҳои мо, аксари муҳоҷирони корӣ тирамоҳ ба ватан бармегарданд ва онҳо дар маҳалли зисти худ дар интихобот иштирок хоҳанд кард», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста