Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Олмон барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳори итминон кард.
Штефан Колер аз омодагӣ ва ҷараёни ҳамоиши бузурги иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, ҳавасмандии устувори давлати хешро ба густариши бештари ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо кишвари мо таъйид намуд.
Ба гуфти Штефан Колер Олмон ва хусусан ширкатҳои бузурги энергетикии он ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд. Таъкид гардид, ки Олмон метавонад ба Тоҷикистон дар таъмини таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти нерӯи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик мусоидат намояд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Олмон аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба навсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста