Сокини шаҳри Кӯлоб Мирзо Бегматови 90-сола, ки шахсан бо тамоми раҳбарони Тоҷикистони муосир аз Ҷаббор Расулов то Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ дошт, бо навмедии зиёд аз имконоти номзади ягона аз аз мухолифин дар интихоботи президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ибрози андеша намуд.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Бегматов, феълан раиси Шӯрои минтақавии собиқадорони ҷангу меҳнати Кӯлоб изҳор намуд, ки дар пешбарии зан дар кишвари ҷомеаи «падарсолорӣ»-и мо як интригае мавҷуд аст, вале бо ҳамин ин интрига ба охир мерасад.
«Шахсан ман муқобили занон чизе гуфтанӣ нестам, вале ҳарчанд васоити ахбори умум дар бораи Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун ҳуқуқшинос ва ҳоми ҳуқуқи маъруф ҳарф зананд ҳам, вале бо вуҷуди таваҷчуҳи зиёдам ба пайгирии вазъ дар ҷумҳурӣ, ман аз ӯ огаҳие надорам», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки мухолифин аз ноилоҷӣ чунин тасмим гирифтаанд.
Мирзо Бегматов полковники мустаъфӣ, ходими маъруфи ҳизбиву сиёсӣ буда, мақомоти шаҳрдории Кӯлобро солҳои бунёди он роҳбарӣ ва дар мансабҳои масъули мақомоти ҳизбиву шӯравӣ ифои вазифа кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста