Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шудааст, аз иштироки беш аз 700 нафар нозирони байнулмилалӣ интизорӣ меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, айни замон даъват ва мувофиқаи рӯйхатҳои намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон идома дорад.
«Мо аз иштироки гурӯҳи нозирон аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) интизорӣ дорем», - гуфт ӯ.
Номбурда хотиррасон намуд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон 536 нафар нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла 254 намояндаи САҲА, 167 намояндаи ИДМ, 17 намояндаи СҲШ ва 86 намояндагони корпусҳои дипломатӣ ширкат варзиданд. «Дар интихоботи парлумонӣ беш аз 25 ҳазор нозирони маҳаллӣ ширкат варзида, дар интихоботи президентӣ шумори онҳо ба таври қобили мулоҳиза хоҳад афзуд», - иброз дошт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста