Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки вазъи кунунӣ дар арсаи байнулмилалӣ қабули қарорҳои фаврӣ дар бахши ҳамкориҳои иқтисодиро тақозо мекунад.
Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, бахусус ин ба лоиҳаҳои марбут ба таъмини густариши имконоти нақлиётиву коммуникатсионӣ, рушди зербино, тиҷорат ва сайёҳӣ дахл дорад.
Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави масъулияти СҲШ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо таъмин карда шавад.
«Зимни вохӯрии навбатии сарони кишварҳо мувофиқаи созишнома доир ба усулҳои асосии фаъолияти Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ муофиқи мақсад аст. Возеҳ аст, ки бидуни таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ё дигар механизми дигари молиявӣ, мо амалисозии лоиҳаҳои минтақавиро таъмин карда наметавонем», - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, зимни ҷаласаи мазкур президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кард, ки қарор дар бораи таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ моҳи ноябри соли равон қабул хоҳад шуд.
Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи ноябри соли 2013 дар шаҳри Тошканд дар назар аст. Дар доираи он вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳо низ доир мегардад. Қаблан Чин низ оид ба таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ташаббус зоҳир намуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста