Дар анҷумани имрӯзаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор шуд, ки аз номзади ягонаи пешбаришуда аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова ҷонибдорӣ карда шавад.
Ҳамагӣ чор номзад, аз ҷумла се ғайриҳизбӣ – Ойниҳол Бобоназарова, Маҳмудҷон Қосимов, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Зарафо Раҳмонӣ пешниҳод гардида, вале ба ҷуз Бобоназарова, дигар ҳама ба манфиати номзади ягона аз ИНИТ номзадии худро бозпас гирифтанд.
Номзадии ӯ бо аксари овозҳо ҷонибдорӣ шуд. Танҳо се нафар мухолифи номзадии ӯ овоз дода, ду нафар бетарафиро ихтиёр намуданд.
Узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ изҳор намуд, ки ӯ аз аввалинҳое мебошад, ки дар ҷаласаи муштарак ба ҷонибдории Бобоназарова раъй додааст. «Бо истифода аз боварии шумо, аз даъват карданиам, ки атрофи Бобоназарова муттаҳид шавед», - зикр кард ӯ.
Худи Бобоназарова зикр кард, ки пешбарии номзадиаш ба мансаби президентӣ барои ӯ як масъулияти бузургест. «Соли 1993 маро гӯё барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба ҳабс гирифтанд. Маро ба зиндагӣ дар хориҷи кишвар даъват мекарданд. Ҳангоме ки рафтани ноболиғон ба масҷидро манъ карданд, чаро касе ба ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо барнахост, ба ҷуз як зани берӯймол? Ман ният дорам, ки пешниҳодҳои шуморо амалӣ созам ва агар ба амалисозии ҳамаи он фурсат наёбам, пеш аз муҳлат меравам. Тафовут миёни ману Раҳмон дар он аст, ки тӯли 21 сол ӯ сари мансаб буд ва агар ҳамасола ҳадди ақал 1%-и шаҳрвандон аз ҳукумати вақт норозӣ буданд, пас ин 21%-и овозҳо аз они ман мешаванд. Имрӯз ҳама мегӯянд, ки мо бо ҳукумат ҳамфикрем, аммо шумо иштибоҳ мекунед. Тӯли ин солҳо ягон нафаре аз ҳукумат маро ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ба муколама даъват накард, ҳарчанд мансабдорони бисёр кишварҳои хориҷӣ ба вохӯриҳо бо ман манфиатдоранд», - иброз дошт Бобоназарова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста