Зимни анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова, на бозёфти ҲНИТ ва пешвои он Кабирӣ, балки бозёфти Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, устоди марҳум хоҳони он буданд, ки Бобоназарова муовини прокурори генералӣ шавад, аммо ӯ рад мекард ва мегуфт, ки «ӯ ҳамеша адвокат ва ҳомии ҳуқуқ аст».
Дар ҳамин ҳол, Кабирӣ иброз дошт, ки аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ мекунад ва ба аъзои ҳизб низ тавсия дод, ки ӯро дастгирӣ намоянд. «Шумо ба мо роҳбарии ҳизбро бовар кардед ва мо ба шумо эътимод дорем, аз ин рӯ, мо бояд ба тасмимҳои ҳамдигар боварӣ дошта бошем. Дастгирии номзадии зан ба як ҳизби исломӣ осон нест, вале дар ҷомеаи консервативӣ (кӯҳнапарастона)-и кунунӣ мо огоҳона сари чунин интихоб расидем», - иброз дошт Кабирӣ.
Ба қавли Кабирӣ, имрӯз ҳама мегӯянд, ки Бобоназарова шахси Кабирӣ ва ҲНИТ аст, вале ба ҷонибдории ӯ овоз додани ҳамаи аъзои Эътилофро ҳама шоҳиданд, танҳо ҲНИТ ба тасмимгирӣ шитоб надошт. «Бобоназарова номзади ягона шуданӣ набуд, зеро ҲНИТ аз ӯ ҷонибдорӣ намекард. Вале ҲНИТ натанҳо аз пешвои ӯ иборат аст, аз ин рӯ, мо ба хулоса расидем, ки аз ИНИТ Бобоназарова номзади ягона интихоб шавад», - идома дод ӯ.
Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки тибқи мувофиқа дар Эътилоф, ҳамаи аъзои Эътилоф шахси бовариноки номзади ягона аз ИНИТ мешаванд. Дар кори анҷмани пешазинтихоботии ҲНИТ намояндагони КМИР, дипломатҳо ва вакилони ҳизб аз бахшҳои минтақавӣ иштирок доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста