Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) раиси ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.
Ба ҷонибдории номзадии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ҳамаи 78 вакилони анҷуман овоз доданд.
Ба гуфтаи Ғаффоров имрӯз дар сафи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҳудуди 19 ҳазор шаҳрвандони кишвар муттаҳиданд.
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон соли 1996 таҳти раҳбарии яке аз арбобони маъруфи сиёсиву давлатии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев сабти ном шуд. Соли 1999 ӯ аз ҷониби қотилони номаълум кушта шуд. Соли 2002 Кумитаи иҷроияи марказии ҲСТ Мирҳусейн Нарзиевро раиси ҳизб интихоб намуд.
Як сол қабл аз интихоботи парлумонии соли 2005, замони ба эътилоф ворид шудани ҲСТ (Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби демократ ва ҲНИТ) дар сафҳои ҲСТ мухолифат рӯйи кор омад. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мавқеи бетарафиро ишғол намуда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон яккаву танҳо монд.
Ба андешаи коршиносон, он замон барои ислоҳи вазъи мавҷуда ва тағйири тавозуни нерӯҳои сиёсӣ аз ҷониби доираҳои ҳукуматӣ таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров Ҳизби сотсиалистии сунъӣ таъсис дода шуд. Бо ин амал Ҳизби сотсиалистӣ таҳти раҳбарии М.Нарзиев аз иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2005 барканор карда шуд.
Айни замон ҳарду ҷиноҳи ҲСТ – яке бо роҳбарии А.Ғаффоров, ки расман дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шудааст ва дигаре таҳти сарварии М.Нарзиев вуҷуд доранд, ки аз ҷониби ин ниҳод эътироф намешавад.
Ҳамин тариқ, айни замон чор нафар – Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ, академик Толиббек Бухориев аз ҲАТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҲДТ ва Ойниҳол Бобоназарова аз ИНИТ номзадҳо ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста