Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Сочии Русия доир мегардад, ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СААД баррасии як баста аснод оид ба рушди низомии Созмон то соли 2010 дар назар аст, ки аз масоили таъсиси нерӯҳои авиатсионӣ ва идоракунии нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД иборат аст.
«Иштирокчиёни нишаст атрофи вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон табодули назар намуда, ҳамчунин масъалаи расонидани кӯмаки низомиву техникӣ ба марзбонони Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби иштирок дар кори нишасти СААД дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Созмони мазкур пешбинӣ шудааст.
«Дар остонаи ифтитоҳи кори нишасти СААД аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Сочи ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста