Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.
Чӣ тавре ки торнамои ҲНИТ иттилоъ медиҳад, ин аризаи даъвогӣ бо имзои раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст ва имрӯз, 19-уми сентябр аризаро дар додгоҳ қабул кардаанд.
Дар ин ариза омадааст: «Вақтҳои охир бо наздик шудани маъракаи интихоботии Президенти ҶТ аз тарафи мақомоти телевизион ва радиои давлатии ҶТ ташвиқу тарғиботи зидди ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки ин рафтор ва кирдори онҳо бар хилофи талаботҳои моддаи 26 ва 28-и Сарқонуни ҶТ мебошад».
Ҳамзамон аз вохӯрии Президент бо ходимони дин, ки дар он рӯҳониён алайҳи ҲНИТ суханронӣ кардаанд, ёдоварӣ шуда, дар ариза омадааст, ки роҳбарияти ҲНИТ фишори афзоянда болои ҳизбро ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор донистааст.
Сипас дар ин аризаи даъвогӣ мисолҳо ва далелҳое аз корзори расонаии ҳукумат, мисли баромади Асрор Булбулов аз Хоруғ, Ёрмуҳаммад Пиров аз Қубодиён ва дигар мисолҳоро зикр гардида, омадааст, ки тамоми кӯшиши ВАО-и давлатӣ танҳо барои резонидани эътибори ҲНИТ равона карда шудааст.
Дар ин ариза мактуби роҳбарияти ҳизб алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои кишвар аз 31.07.2013 ва ҷавобҳои ин кумита низ ёдрас шудааст.
ҲНИТ дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 30-и Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз суд ду хоҳиш кардааст:
Якум, аризаи даъвогии ҲНИТ нисбати ҷавобгар - кумитаи мазкур ва ҳамҷавобони дигар («Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо») ба истеҳсолоти судӣ қабул карда шавад.
Дуюм, ҷавобгар ва ҳамҷавобон ӯҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ қатъ карда шавад ва аз ҲНИТ расман узрхоҳӣ намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста