Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ССАД) ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввал – сардори Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ, фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар чаҳорчӯби иштирок дар кори нишасти СААД дар Сочи дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз Созмони мазкур пешбинӣ шудааст.
Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар нишасти Сочи масоили амнияти байнулмилаливу минтақавӣ бо шумули вазъи Сурия, ҳамкории муштарак пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, расонидани кӯмаки дастаҷамъона ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марзаш бо Афғонистон, рушди ҳамкориҳои низомӣ ва дигар масоили рӯзмарра баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, дар нишаст қабули қарор дар бораи таъсиси нерӯҳои авиатсионии СААД, такмили идоракунии нерӯҳои дастаҷамона, ворид намудани тағйирот дар сохтори Ситоди муттаҳида ва тасдиқи буҷети СААД барои соли 2014 низ дар назар аст.
Дар фарҷоми нишаст Баёния қабул хоҳад шуд, ки дар он аз фаъолияти СААД дар бахшҳои сиёсати хориҷӣ, ҳамкории низомӣ, вокуниш ба таҳдидҳову ситезаҷӯиҳои муосир ва ғайра натиҷагирӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин пас аз итмоми кори нишаст раёсат дар СААД аз Қирғизистон ба Русия мегузарад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста