Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор мекунад, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ин ё он номзад ба мансаби президенти кишвар ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод.
«Моро мавқеи чанде аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала дар ҳайрат мегузорад. Оид ба ҳама гуна масоиле, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади онҳо Ойниҳол Бобоназарова пайдо мешавад, онҳо дарҳол барои матбуот дар бораи гӯё аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ монеъа эҷод кардан изҳорот медиҳанд, вале моҳиятан ин масъаларо дар ҳамон ҷо бо саривақт муроҷиат кардан ба КМИР метавон ҳал намуд», - зикр кард Додоев.
Ба гуфтаи ӯ, лаҳзаҳои корие, ки намояндагони ҲНИТ бо он дар шаҳри Турсунзодаву ноҳияҳои Мӯъминобод ва Рашт дучор шудаанд, фавран тавассути телефон аз ҷониби КМИР ҳаллу фасл гардидаанд.
«Намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд, то ҳол дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба мушкилие мувоҷеҳ нагардидаанд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста