Нимаи моҳи ноябр пас аз маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар афсарону сарбозони гарнизони Душанбе, намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад. Дар ин бора ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ огаҳӣ ёфт.
Қабл аз гузашт дар майдон маросими савгандёдкунии афсарону сарбозони воҳидҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарони мақомоти қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба садоқат ба президент баргузор мешавад. «Имрӯз аллакай омодагӣ ба гузашт ва маросими савгандёдкунӣ оғоз мегардад», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ба гузашт сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар генерал-майор Латиф Файзиев роҳбарӣ намуда, гузаштро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев қабул мекунад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз 6 нафар – аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста