Чанде қабл нимаи дуюми рӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ суханронӣ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти кишвар Субҳиддин Муҳиддинов аз Ню-Йорк хабар дод, дар суханронии худ Оқилов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори амалисозии қарордодҳои байнулмилалӣ дар соҳаи об буда, баҳри ҳифзи захираҳои обии минтақа тадбирҳои таъҷилӣ хоҳад андешид.
«Оқилов аз иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки ташаббусҳои президенти Тоҷикистон дар мавриди таҳияи дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи об пас аз соли 2015-ро дастгирӣ намоянд», - зикр кард Муҳиддинов.
Ба қавли ӯ, нахуствазири ҷумҳурӣ ҳамчунин кӯшишҳои Тоҷикистон дар масъалаи таъмини доимии аҳолӣ бо нерӯи барқро таъкид намуда, иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳои давлатҳои минтақа дар азхудкунии захираҳои гидроэнергетикӣ ба сулҳу созиш дар Афғонистон мусоидат карда метавонад.
«Оқилов дар суханрониаш инчунин ҳамкориҳои кишварҳои дунё дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказиро муҳим арзёбӣ намуд», - афзуд Муҳиддинов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста