Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба мансаби президентӣ академик Толиббек Бухориев изҳор кард, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадии ӯ аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳеҷ монеъае эҷод нашудааст.
«Мо дар маҳалҳо ва дар КМИР ҳам доимо фазои некхоҳиро эҳсос намуда, аз ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо шикоят надорем», - зикр кард Бухориев.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ӯ омода буда, пас аз тасҳеҳи дахлдор шояд рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда пешкаши ҳамагон гардад. «Дар барномаи пешазинитихоботӣ дар қатори фарогирии масоили иқтисодӣ, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, албатта ба мушкилоти рушди бахши агросаноатӣ, соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар баробари он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст», - зикр кард номзад.
Бухориев мутмаин аст, ки ситоди пешазинтихоботии ӯ ва ёварони ихтиёрӣ дар муҳлати муқарраршуда (7-уми октябр) 210 ҳазор имзои зарурии интихобкунандагонро ҷамъоварӣ мекунанд.
«Имрӯз ситоди ман, ки ба ҳайаташ олимони маъруф, чанде аз вакилони парлумон, шоирону журналистон ва намояндагони ҳукуматҳои баъзе минтақаҳои кишвар шомиланд, шабонарӯзӣ фаъолият дорад», - афзуд академик Бухориев.
Дар ҳамин ҳол, аз ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ Т.Бухориев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз ба ҷонибдории номзад аз ҲАТ беш аз 130 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. «Маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба номзадамонро мо то 2-юми октябр ба анҷом расониданием», - илова намуданд дар ситод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста