То ахири муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ ҳамагӣ 10 рӯз боқӣ монда, гурӯҳи ташаббускори номзад Ойниҳол Бобоназарова то имрӯз каме бештар аз 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намудааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии ситоди пешазинтихоботиаш дар дафтари кории ҲНИТ худи номзад Ойниҳол Бобоназарова хабар дод. Ёдрас мекунем, ки ба ҳар кадоме аз номзадҳо ҷамъоварии ҳудуди 210 ҳазор имзо, 5% аз шумори умумии интихобкунандагон зарур аст.
Номзад зикр кард, ки муддати тамоми ин рӯзҳо аксари раисони ноҳияҳо аз вохӯрӣ бо намояндагони ӯ канора ҷуста ва ё бо талаби пешниҳоди рӯйхати аъзои ҲНИТ, ба ҷамъоварии имзоҳо монеъа эҷод мекарданд.
«Талаби худро бо асоснок мекарданд, ки гӯё барои пешниҳоди шумори муайяни варақаҳо ба онҳо донистани шумори аъзо зарур аст», - иброз дошт ӯ. – Қаблан ман мутмаинона мегуфтам, ки мо шумори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда метавонем, вале вақти моро дуздиданд. Акнун дар ин бора мо бо боварӣ ҳарф зада наметавонем».
Дар ҳамин ҳол, роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, ки дар конфронси матбуотии мазкур ҳузур дошт, чунин гуфт: «Мо хоҳони онем, ки ҳама номзадҳо сабти ном шаванд ва интихобот демократӣ бошад».
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷамъоварии миқдори 5%-и имзоҳо аз шумори умумии интихобкунандагон барои аксари номзадҳо хеле мушкил хоҳад буд. Ба андешаи аксари сиёсатмадорон, механизми мавҷудаи ҷамъоварии имзоҳо гӯё махсусан чунин роҳандозӣ шудааст, ки тартиботи бақайдгирии номзадҳо мушкил гардад ва дар маъракаи интихоботи гузашта маҳз ҳамин омил садди роҳи бисёр номзадҳо шуда буд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ин душвориро ба осонӣ паси сар мекунад. Дар маъракаҳои интихоботи гузашта дар ҷамъоварии имзоҳо ҲХДТ ҳатто ба кӯмак расонидан ба рақибон омода буд.
«ҲХДТ то андозае ба ҳусни таваҷҷуҳи аксари аҳолӣ нисбаташ мутмаин аст, ки барои мо зарурати монеъае эҷод сохтан ба номзадҳои аҳзоби дигар зарурате вуҷуд надорад. Баръакс, фикр мекунам, ки аъзои ҳизби мо ҳатто ба кӯмак омодаанд», - гуфта буд он замон муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста