Рӯзи 26-уми сентябри соли ҷорӣ дар Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо ёвари котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва Фиристодаи вежаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои боздоштгоҳи Гуантанамо Клиф Слоан мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА мавриди муҳокима қарор гирифта, омодагии тарафайн ба идома ва густариши бештари ҳамкорӣ байни ду кишвар таъкид гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳамчунин Низомиддин Зоҳидов бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Давид Залкалианӣ гуфтушунид кард.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни он мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва масъалаҳои минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста