Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа зимни сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт президенти мамлакат аз ноҳияи Тавилдара боздид намуда, нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру ҳидоят дод, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандона ва бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.
Дар идома сарвари давлат ҳамчунин ба фаъолияти варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ифтитоҳи расмӣ бахшид. Ин варзишгоҳ дар канори рӯди Хингоб дар масоҳати 2 ҳазору 584 метри муррабаъ сохта шудааст. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара, бо маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои қариб 4 ҳазор чойи нишаст мебошад.
Сипас дар маркази ноҳияи Тавлидара бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Кохи фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур дар давоми 2 сол бо харҷи 6 милиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳҳонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст иборат аст.
Президенти Тоҷикистон дар толори барҳавои Кохи фарҳанг бо фаъолони ноҳияи Тавлидара мулоқот анҷом дод. Зимни суханронӣ сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати кишвар ба ин гӯшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинон кӯчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.
Шоми рӯзи ҷумъа сафари серӯзаи кории президенти Тоҷикистон ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расида, Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста